«Боинг»-и нави «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дод

Ҳавопаймои «Боинг 737-900»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дода, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Санкт-Петрбург 96 нафар ва аз он ҷо ба пойтахти Тоҷикистон 172 нафарро ба нуқтаи таъинот расонид. Тавре хадамоти матбуоти ширкати хабар медиҳад, аз ӯҳдаи идораи ҳавопаймо гурӯҳи халабонону командирон, кормандони техникиву стюардессаҳо – Файзулло Сатторов, Ҷӯрабек Умаров, Азамат […]

ASIA-Plus


Ҳавопаймои «Боинг 737-900»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дода, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Санкт-Петрбург 96 нафар ва аз он ҷо ба пойтахти Тоҷикистон 172 нафарро ба нуқтаи таъинот расонид.

Тавре хадамоти матбуоти ширкати хабар медиҳад, аз ӯҳдаи идораи ҳавопаймо гурӯҳи халабонону командирон, кормандони техникиву стюардессаҳо – Файзулло Сатторов, Ҷӯрабек Умаров, Азамат Тӯраев, Хуршед Назаров, Фирӯза Юсуфова, Фирӯза Бердиева, Фирӯз Тошматов, Заррина Аҳмедова ва Темур Набиев ба хубӣ баромаданд.

«Боинг 737-900» аз ҳавопаймоҳои навтарин ва бузургтарини ин навъи ҳавопаймоҳо ба шумор рафта, дар таърихи 29-уми сентябри соли 2011 ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ширкати «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда, ин ҳавопаймои чоруми мусофирбари он аст.

Ҳавопаймо дар корхонаи истеҳсолкунанда, дар шаҳри Сиэтли ИМА бо фармоиши махсуси ширкат бандубаст ва омода гардида, 184 ҷойи нишаст дорад. Ин ҳавопаймо барои таъмини парвоз ба хатсайрҳои масофаашон тӯлонӣ, аз қабили Душанбе-Франкфурти Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истамбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва хатсайрҳои аз ҷониби ширкат пешбинишудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул истифода карда мешавад. Ба ҳавопаймо номи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур гузошта шуд.

«Дохили ҳавопаймо ба ҷуз таҷҳизоти маъмулӣ, бо услуби миллӣ оро дода шуда, он бо низоми мултимедиа муҷаҳҳаз шудааст. Акнун мусофирон ҳангоми парвоз метавонанд вақти худро бо шунидани мусиқӣ, филм ё бозии дӯстдошта паси сар намоянд», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти ширкат.

Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.