CPJ: Тоҷикистон журналистонро бояд озод кунад

Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки журналистон – хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва хабарнигори мустақили ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов озод карда шаванд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ду рӯзноманигор имрӯз, 14-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанд содир мешавад. Дар изҳороти интишоршудаи кумита аз ҷумла гуфта мешавад: […]


Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки журналистон – хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва хабарнигори мустақили ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов озод карда шаванд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ду рӯзноманигор имрӯз, 14-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанд содир мешавад.

Дар изҳороти интишоршудаи кумита аз ҷумла гуфта мешавад: «Чун додгоҳ дар Тоҷикистон нисбат ба парвандаҳои ҷиноии бо сиёсат олуда, ки нисбат ба рӯзноманигорон Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоилов  ҳукм содир карданист, Кумитаи дифоъ аз журналистон хостори тантанаи адолати судӣ аст».

«Мо аз ҳукуматдорон даъват мекунем, ки иттиҳомоти сохта нисбати ин журналистон бекор карда шуда, онҳо фавран ва бидуни чуну чаро озод карда шаванд», – зикр кард ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнианова.

«Ҳар ду рӯзноманигор ҳам барои инъикоси мустақили мушкилот ва масоили муҳими рӯз ҷазо дода мешаванд», – омадааст дар изҳорот.

«Усмонов ба тундгароӣ ва Исмоилов ба тӯҳмату таҳқир ва тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешаванд. Натоиҷи таҳқиқоти Кумитаи дифоъ аз журналистон гувоҳи он аст, ки тамоми айбҳо сохтаанд. Ба Усмонов 5 ва ба Исмоилов 16 соли зиндон таҳдид мекунад», – зикр мегардад дар изҳороти CPJ.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк воқеъ аст. Фаъолияти созмон ба дифоъ аз ҳуқуқи журналистон нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.