Санҷиши сатҳи огаҳии аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ аз бемории сил

Дар 50 деҳаҳои ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъи вилояти Хатлон бо дастгирии ихтиёриён назарсанҷии васеъи аҳолӣ дар бораи сатҳи огаҳии онҳо аз бемории сил гузаронида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Салиби Сурх дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, назарсанҷӣ дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи Салиби Сурхи Финландия доир мегардад, ки ба коҳиши хатари […]


Дар 50 деҳаҳои ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъи вилояти Хатлон бо дастгирии ихтиёриён назарсанҷии васеъи аҳолӣ дар бораи сатҳи огаҳии онҳо аз бемории сил гузаронида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Салиби Сурх дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, назарсанҷӣ дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи Салиби Сурхи Финландия доир мегардад, ки ба коҳиши хатари гирифторӣ ба бемории сил равона шудааст.

Бино ба гуфти ӯ, дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ нишондиҳандаи баландтарини гирифторӣ ба бемории сил ба ба қайд гирифта шуда, ҳамасола дар ҳар кадоме аз ин ноҳияҳо аз 136 то 300 нафар беморони бори нахуст ба бемории сил мубталогардида сабт мешаванд.

«Бо такя ба натоиҷи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки соли 2009 доир гардид, метавон гуфт, ки аҳолии Тоҷикистон дар бораи аломатҳои беморӣ, тарзи гузаштани он ба каси дигар, ташхис ва муолиҷаи бемории сил огаҳии хуб надоранд, ки ба хеле дер ба табиб муроҷиат кардани чунин беморон боис мегардад, – идома дод ҳамсӯҳбат. – Дар маводи таҳқиқоти мазкур таъкид мегардад, ки 35,4%-и пурсидашудагон дар бораи тарзҳои интиқоли бемории сил чизе намедонанд. Қариб нисфи пурсидашудагон дар хусуси мӯҳлати табобаоти ин беморӣ ва қабул кардани доруворӣ пас аз хуб шудани вазъи саломатиашон огаҳии кофӣ надоранд».

Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки беморон дар бораи ройгон будани табобат маълумот надоранд, дар баъзе ҳолатҳо бошад, онҳоро маҷбур сохтаанд, ки маблағи табобатро пардохт намоянд.

Лоиҳаи зикршудаи Салиби Сурхи Финландия ҷамоатҳои 127 маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъро дар бар мегирад, ки дар онҳо 320 ҳазор нафар иқомат доранд.

Олимов мегӯяд, фаъолияти лоиҳа ба гурӯҳҳои осебпазиру хатарнок, ки дар деҳаҳои мақсаднок зиндагӣ мекунанд, равона мегардад. Аз ҷумла, ба ин гурӯҳ шахсони бо толибилмони бемор дар тамосбуда, шахсони гирифтори бемории СПИД, муҳоҷирон, шахсони дорои бемориҳои кӯҳна ва собиқ маҳбусон шомил буда метавонанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.