Дар Душанбе 100 нафар муҳоҷирони меҳнатии соҳибкасб тайёр карда мешаванд

Дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаи санҷишии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия оид ба тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои панҷмоҳаи азхудкунии касбҳои кафшергари газиву барқӣ, […]

Аваз Юлдошев


Дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаи санҷишии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия оид ба тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои панҷмоҳаи азхудкунии касбҳои кафшергари газиву барқӣ, устои барқ ва ҳаррот ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин касбҳо дар бозори меҳнати Русия талабгори зиёд доранд. Ғайр аз ин, ба иштирокчиёни ин курсҳо аз рӯйи барномаи махсус забони русӣ низ омӯзонида мешавад. Ба иштирокчиёни курсҳо дар бораи қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират, асосҳои фарҳанг, расму оини халқ рус ва тарзи рафтор дар Русия низ маълумоти кофӣ пешкш хоҳад гардид.

Бо анҷоми таълим дар моҳи феврали соли оянда иштирокчиёни курсҳо оид ба касби интихобкарда ва забони русӣ имтиҳон месупоранд.

Барои тамоми давраи таҳсил муҳоҷирони меҳнатии имконпазир 85 доллари ИМА маблағ месупоранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.