Эмомалӣ Раҳмон осори Турсунзодаро беҳтарин намунаи васфи ғояҳои ватандўстӣ номид

Имрўз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100 – солагии шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлатиттилоъ доданд, барои иштирок дар ин ҷамъомад намояндагони соҳибнуфузи аҳли эҷоди Тоҷикистон ва дўстону шогирдони сершумори устод Турсунзода […]

ASIA-Plus


Имрўз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100 – солагии шоири шаҳири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлатиттилоъ доданд, барои иштирок дар ин ҷамъомад намояндагони соҳибнуфузи аҳли эҷоди Тоҷикистон ва дўстону шогирдони сершумори устод Турсунзода аз дохил ва хориҷи кишвар ба толори зебою пуршукўҳи театри мазкур ташриф оварда буданд.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таҷлили 100 – солагии Мирзо Турсунзодаро идомаи мантиқии истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон номид, зеро ба андешаи ў, осори ин шоири бузург ва қаҳрамони барҳаққи Тоҷикистон саршор аз афкори ватандўстӣ, озодию истиқлолият, сулҳхоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ ва инсондўстӣ аст. 

 Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як фарди бедордили тоҷик баҳри ҳифзи Ватан, озодию истиқлолият, рукнҳои давлатдории миллӣ ва асолату ҳувияти миллӣ бояд аз осори Турсунзода ҳушёрӣ, зиракӣ ва дурандешӣ биомўзад.

 Сарвари давлат бо ишора ба шоирону нависандагон ва ҳамаи аҳли қалами имрўзи Тоҷикистон осори Турсунзодаро беҳтарин намунаи васфи ғояҳои ватандўстӣ, озодию истиқлолият ва мактаби тарбияи кадрҳои ояндасози давлати мустақилли тоҷикон арза намуд.

 Президенти кишвар  ба созмони ҷаҳонии илму фарҳанг ЮНЕСКО барои таҳти васоёи худ пазируфтани ҷашни 100 -солагии шоири ҷаҳонигаштаи тоҷик Мирзо Турсунзода арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

 Ҷамъомади тантанавии бахшида ба 100 – солагии Мирзо Турсунзода бо пешкаш намудани барномаи пуршукўҳи фарҳангӣ, ки саросар дар асоси осори пурғановати адабию фарҳангии худи шоир таҳия гардидааст, идома ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.