Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба далели задухӯрди тоҷикону ӯзбекон дар Маскав

Оид ба далели задухӯрд миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шоми 11-уми октябр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, қазияи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорат қарор дошта, тамоми ҷузъиёти он пас аз тафтишоти пешакӣ манзури ҳамагон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, дар задухӯрд […]


Оид ба далели задухӯрд миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шоми 11-уми октябр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, қазияи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорат қарор дошта, тамоми ҷузъиёти он пас аз тафтишоти пешакӣ манзури ҳамагон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар задухӯрд тақрибан 20 нафар аз ду ҷониб ширкат варзида,  бар асари он ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Х.Зубайдуллоеви 27-сола ва И.Қурбонови 32-сола осеб диданд, ки айни замон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарианд. «Вазъи саломатии онҳоро табибон қаноатбахш мешуморанд», – гуфтанд дар сафоратхона.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки шоми11-уми октябр дар натиҷаи задухӯрд миёни гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷику ӯзбек дар шаҳри Маскав 4 нафар осеб дида, бо осори зарби корд ба беморхона мунтақил шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.