Озодии рӯзноманигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ»

Мурофиаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ба анҷом расид . Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳии хотимавӣ доир гардида, мутобиқи ҳалномаи додгоҳ рӯзноманигор Исмоилов бо моддаи 250-и КҶ ҶТ (Тамаъҷӯйӣ) бегуноҳ шуморида шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ба ӯ лозим меояд, танҳо ба фоидаи давлат ҷарима супорад. […]

Мавлуда Рафиева


Мурофиаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ба анҷом расид

.

Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳии хотимавӣ доир гардида, мутобиқи ҳалномаи додгоҳ рӯзноманигор Исмоилов бо моддаи 250-и КҶ ҶТ (Тамаъҷӯйӣ) бегуноҳ шуморида шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ба ӯ лозим меояд, танҳо ба фоидаи давлат ҷарима супорад. Додгоҳ ба Исмоилов ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ таъин кард, вале бо назардошти муддати 11 моҳ дар маҳбас қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 7,3 ҳазор $) поин бурда шуд.

Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ – додситони шаҳри Табошар Амир Ғафуров аз додгоҳ дархост кард, ки ба Исмоилов ҷазои 16-соли маҳрумият аз озодӣ дода шавад ва бо истфода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ ба муддати 2 сол кам гардад.

Аммо ҷониби ҳимояи журналист ба чунин ҳукм қатъан изҳори норозигӣ кард. Адвокатҳои журналист Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов ҳангоми музокирот мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои журналистро таъкид сохта, мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ӯро бегуноҳ шуморидан ва аз толори додгоҳ озод карданашро талаб намуданд.

Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.