Ҳабси сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир

Date:


Дар вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир ва роҳбари шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 316, қ . 3 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Манбаъ дар бораи маҳз ба кадом гуноҳ гумонбар шудани боздоштшудагон чизе нагуфт, лекин моддаҳои пешниҳодшудаи Кодекси ҷиноии ҶТ худ гувоҳи ҳоланд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, пас аз ҳабси ин ду нафар аз сокинони маҳал як қатор шикоятҳо дар бораи онҳо ворид шудаанд.

Тафтишоти парвандаи мазкурро Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ӯҳда гирифтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...