Ташрифи як ҳайати ВКД-и Афғонистон ба Душанбе

Имрӯз як ҳайати воломақоми Вазорати корҳои дохилии Афғонистон таҳти сарварии муовини вазир Бозмуҳаммад Аҳмадӣ бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Афғнистон дар Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳайати мазкур бо мақомоти раҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят гуфтушунид анҷом медиҳад. Ҳайати Афғонистон ба […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз як ҳайати воломақоми Вазорати корҳои дохилии Афғонистон таҳти сарварии муовини вазир Бозмуҳаммад Аҳмадӣ бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Афғнистон дар Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳайати мазкур бо мақомоти раҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ҳайати Афғонистон ба шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябр омада, бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳадафи аслии сафар таҳкими ҳамкорӣ миёни хадамоти махсуси Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, роҳандозии амалиёти муштарак ҷиҳати нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.