Ҳабси сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир

Дар вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир ва роҳбари шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир ва роҳбари шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 316, қ . 3 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Манбаъ дар бораи маҳз ба кадом гуноҳ гумонбар шудани боздоштшудагон чизе нагуфт, лекин моддаҳои пешниҳодшудаи Кодекси ҷиноии ҶТ худ гувоҳи ҳоланд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, пас аз ҳабси ин ду нафар аз сокинони маҳал як қатор шикоятҳо дар бораи онҳо ворид шудаанд.

Тафтишоти парвандаи мазкурро Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ӯҳда гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.