Ҳуҷуми мусаллаҳона ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт

Ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд, ки бар асари он ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми 24-уми октябр ду нафари ниқобпӯш ба нуқтаи мубдилаи асъори начандон дуртар аз бозори Шоҳмансур ворид шуда, бо таҳдид тавассути таппончаи Макаров кӯшиши […]

Наргис Ҳамробоева


Ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд, ки бар асари он ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми 24-уми октябр ду нафари ниқобпӯш ба нуқтаи мубдилаи асъори начандон дуртар аз бозори Шоҳмансур ворид шуда, бо таҳдид тавассути таппончаи Макаров кӯшиши ғорати нуқтаи мубодилаи асъорро кардаанд.

«Аммо соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор Н.Н.-и 54-сола ва писарони ӯ ба онҳо муқобилат нишон додаанд, ки дар натиҷа яке аз писарон аз пои чап ва писари дигарӣ аз дасту қафаси сина ва сар ҷароҳат бардоштаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки писарони соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор ба беморхона бистарӣ шуданд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати ошкор сохтан ва боздошти ҷинояткорон чораҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.