Имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тҷумҳурӣ миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария дар бораи баамалбарории фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои хориҷии Тҷумҳурӣ миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария дар бораи баамалбарории фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ, Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба тасдиқи Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба тасвиб расид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин маросими супоридани ёддошти Вазорат дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Швейтсария дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва пешниҳод оид ба эътибор пайдо намудани он барпо шуд.

Зикр гардид, ки ба ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Сафири Фавқулода ва Мухтори он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бошишгоҳ дар шаҳри Остона Стефан Неллен имзо гузоштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.