Мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир дар ноҳияи Турсунзода

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар натиҷаи баргузории як амалиёти вижа аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистону Русия ҷилавгирӣ намуданд. Ба  фаъолияти гурӯҳи фаромиллии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо […]

Аваз Юлдошев


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар натиҷаи баргузории як амалиёти вижа аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистону Русия ҷилавгирӣ намуданд. Ба  фаъолияти гурӯҳи фаромиллии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт дар рустои Коммунаи ҷамоати Первомайи ноҳияи Турсунзода, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, дар манзили зисти яке аз сокинони он пинҳонгоҳе дарёфт гардид, ки дар он 233 кило маводи мухаддири афюни тайёр барои интиқол ба Ӯзбекистон мавҷуд буд.

«Ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд», – гуфт ӯ.

Н. Бӯриев афзуд, нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.