АНМН: Мусодираи 8 кило героин дар шаҳри Душанбе

Наргис Ҳамробоева


Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 8 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Муссо», таҳти идораи шаҳрванди 46-солаи пойтахт, пеш суд нашудааст, муваққатан кор намекунад, дастгир карданд.

Дар рафти азназаргузаронӣ аз даруни автомашинаи мазкур халтаи селофаниро, ки дар дохилаш 8 бастаи маводи ранги равшани бӯи махсусдошта буд, кашф ва мусодира намуданд. Дар асоси хулосаи лабораторияи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашуда навъи героин буда, ҳаҷми он ҳудудан 8 килоро ташкил дод.

Дар ҷараёни пурсиши ронанда муайян гардид, ки героин ба ду мусофири автомашинаи ӯ – сокини 37-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон) суд шуда буд ва сокини 40 – солаи шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст. Онҳо ният доштанд ин миқдор маводро барои фурӯш ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, шахсони дастгиршуда ба тафқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Дар айни замон Агентӣ барои ошкор ва дастгир намудани афроди дигаре, ки дар содир кардани ин ҷиноят иштирок намудаанд, чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...