Кӯлоб: Ҷаримабандӣ барои муҳайё насохтани анбори нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоям

Турко Дикаев


Шахсони масъули минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки супориши ҳукуматдорон дар бораи муҳайё сохтани биноҳои анбор барои нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоями аз аҳолӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷамъовардаро иҷро накарданд, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 ҳазору 050 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири нозироти ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аъзам Тӯйчиев хабар дод, аз ҷумла роҳбарони як қатор ҷамоатҳои ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Мӯъминобод ва ҳамчунин директори мактаби рақами 15-и шаҳри Кӯлоб ҷаримабандӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, феълан дар анборҳои умумии корхонаҳои коммуналии ноҳияҳои минтақа ҳудуди 7 ҳазор адад лампаҳои камммасрафи корношоям ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. «Минбаъд бо ҷамъоварии миқдори зиёди лампаҳои корношоям, ки ба партов табдил додани онҳо зарур мешавад, онҳо ба корхонаи махсус ба Душанбе фиристода мешаванд», – гуфт ҳамсӯҳбат.

Ба андешаи Тӯйчиев, дар ин бахш мушкилот зиёд аст ва роҳҳои ҳалли он рӯзи 1-уми ноябр дар ҷараёни семинари минтақавии махсусе, ки таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...