Сиёсатшинос: Бо мустақар шудани низомиёни ИМА дар Ӯзбекистон, Тошканд худаш СААД-ро тарк хоҳад кард

Изҳороти президенти Белорус Александр Лукашенко бобати мувофиқи мақсад будани ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тарк гуфтани Ӯзбекистон ҳеҷ аҳамияте надошта, ба сафари ӯ ба Тоҷикистон робита надорад, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси мустақил Рустам Ҳайдаров. Номбурда ба ин назар аст, ки ин изҳорот шояд бештар ба мустақар гардидани нерӯҳои низомии ИМА […]

Наргис Ҳамробоева


Изҳороти президенти Белорус Александр Лукашенко бобати мувофиқи мақсад будани ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тарк гуфтани Ӯзбекистон ҳеҷ аҳамияте надошта, ба сафари ӯ ба Тоҷикистон робита надорад, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси мустақил Рустам Ҳайдаров.

Номбурда ба ин назар аст, ки ин изҳорот шояд бештар ба мустақар гардидани нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон вобаста бошад. «Аз ҳайати СААД хориҷ шудан ё шомил будани Ӯзбекистон ба он, дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ тағйиротеро ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Тамоми мушкилоти мавҷуда ҳамин тавр ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд», – мегӯяд Ҳайдаров.

Дар идома сиёсатшинос изҳор кард, ки чун нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон ҷойгир шаванд, Тошканди расмӣ худаш ба хориҷ шудан аз СААД ташаббус нишон хоҳад дод.

«Дар минтақа Ӯзбекистон ягона кишварест, ки ИМА дар масъалаи мустақар сохтани нерӯҳои низомии худ метавонанд ба он такя намоянд ё эътимод дошта бошанд. Ман мӯътақидам, ки масъалаи дар Ӯзбекистон ҷойгир кардани нерӯҳои низомии ИМА аз ҷониби мақомоти раҳбарии кишвари ҳамсоя ба таври мусбат ҳал карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон ояндаи наздик бо хулосаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти назорати ИМА қарор доранд, пурра қатъ карда мешавад», – афзуд Ҳайдаров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.