Шикояти кассатсионии хабарнигори Би-Би-Сӣ ба ҳукми додгоҳи Суғд

Хабарнигори бахши осиёиминагии Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов ва адвокати ӯ аз болои ҳукми додгоҳи вилоятии шаҳри Хуҷанд, ки дар таърихи 14-уми октябр содир шуда буд, ба Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионӣ бурданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмонова Файзинисо, адвокати Усмонов хабар дод, журналисти маҳкумшуда ва ҳимояи ӯ бо ҳукми айбдории додгоҳ, ки Усмоновро ба муддати се сол […]

Меҳрангез Турсунзода


Хабарнигори бахши осиёиминагии Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов ва адвокати ӯ аз болои ҳукми додгоҳи вилоятии шаҳри Хуҷанд, ки дар таърихи 14-уми октябр содир шуда буд, ба Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмонова Файзинисо, адвокати Усмонов хабар дод, журналисти маҳкумшуда ва ҳимояи ӯ бо ҳукми айбдории додгоҳ, ки Усмоновро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард, розӣ нестанд.

«Ҳарчанд бо истифода аз қонуни афв Усмонов аз толори додгоҳ озод шуда бошад ҳам, мо қатъиян ба ин ҳукм розӣ нестем, зеро он айбдоркунанда аст. Мо талаб карда будем, ки бегуноҳии ӯ эътироф гардад, чунки тамоми амали Усмонов ба фаъолияти касбии ӯ марбут буд», – гуфт Ф. Воҳидова.

Дар ҳамин ҳол, адвокат ба қарори воқеъбинонаи зинаи болоӣ умедвор набуда, мегӯяд, «бо назардошти таҷрибаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва пурра мавҷуд набудани ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ, ин шояд ғайриимкон бошад».

Ба қавли Воҳидова, агар Додгоҳи Олӣ шикояти зерҳимояи ӯро қонеъ насозад, ӯ ва Усмонов баҳри дарёфти адолат ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард. «Мо минбаъд низ пайи дарёфти адолати додгоҳӣ хоҳем буд ва метавонем ҳатто то Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон шикоят барем», – афзуд Воҳидова.

Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд.

Пас аз содир шудани ҳукм хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоотеро пахш намуд, ки дар он айбномаи додгоҳ маҳкум гардида, гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳӣ ҳеҷ қонуншиканиеро аз ҷониби Усмонов ошкор насохт ва мебоист бегуноҳии пурраи ӯро эътироф мекард.

«Мо минбаъд низ Усмоновро дастгирӣ намуда, умедворем, ки мурофиаи апеллятсионӣ бо эътирофи бегуноҳӣ ва барқароршавии обрӯву нуфузи кории Усмонов ҳамчун журналист ва нависанда анҷом меёбад. Мо ният дорем, ки ба суолҳои худ дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нисбат ба Усмонов ҳангоми дар боздоштгоҳ қарор доштанаш посух бигирем ва нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ изҳори нигаронӣ мекунем», – гуфта буд директори Хадамоти умумиҷаҳонии Би-Би-Сӣ Питер Хоррокс.

Ҳукумати Британияи Кабир аз озодии Усмонов изҳори хушнудӣ карда, вале ба «боадолатона будани ҳукми додгоҳ шубҳа дорад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.