Сиёсатшинос: Бо мустақар шудани низомиёни ИМА дар Ӯзбекистон, Тошканд худаш СААД-ро тарк хоҳад кард

Наргис Ҳамробоева


Изҳороти президенти Белорус Александр Лукашенко бобати мувофиқи мақсад будани ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тарк гуфтани Ӯзбекистон ҳеҷ аҳамияте надошта, ба сафари ӯ ба Тоҷикистон робита надорад, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси мустақил Рустам Ҳайдаров.

Номбурда ба ин назар аст, ки ин изҳорот шояд бештар ба мустақар гардидани нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон вобаста бошад. «Аз ҳайати СААД хориҷ шудан ё шомил будани Ӯзбекистон ба он, дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ тағйиротеро ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Тамоми мушкилоти мавҷуда ҳамин тавр ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд», – мегӯяд Ҳайдаров.

Дар идома сиёсатшинос изҳор кард, ки чун нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон ҷойгир шаванд, Тошканди расмӣ худаш ба хориҷ шудан аз СААД ташаббус нишон хоҳад дод.

«Дар минтақа Ӯзбекистон ягона кишварест, ки ИМА дар масъалаи мустақар сохтани нерӯҳои низомии худ метавонанд ба он такя намоянд ё эътимод дошта бошанд. Ман мӯътақидам, ки масъалаи дар Ӯзбекистон ҷойгир кардани нерӯҳои низомии ИМА аз ҷониби мақомоти раҳбарии кишвари ҳамсоя ба таври мусбат ҳал карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон ояндаи наздик бо хулосаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти назорати ИМА қарор доранд, пурра қатъ карда мешавад», – афзуд Ҳайдаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...