ХИБ Сангтӯда-Пули Хумрӣ расман ба истифода дода шуд

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон маросими расман мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқ (ХИБ)-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ 220 кВ баргузор шуд.

Дар маросими мазкур нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, муовини аввали президенти Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон ва ҳамчунин вазири энергетика ва обёрии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур имконияти дар мавсими гармо интиқол додани барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон фароҳам  оварда,  ба коҳиши  талафоти барқ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат менамояд. «Аз ҷониби дигар лоиҳаи мазкур имконияти ба бозори   барқи минтақа ворид гардидани Тоҷикистонро афзун карда, дараҷаи мутмаинӣ ва истифодаи фаврии системаҳои интиқоли барқ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баланд мебардорад», – гуфт Оқилов.

Дар навбати худ, муовини аввали раисҷумҳури   Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи байни ду давлати дӯсту ҳамсояи наздикро падидаи неку арзишманд дар минтақа ва  нақши онро дар оянда барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии кишвараш муфиду судманд арзёбӣ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, дар мавсими тирамоҳу зимистон танҳо бо мақсади санҷиш тавассути ин хат аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 3-4 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи манбаъ, дар сурати камбуди барқ дар ҷумҳурӣ, интиқоли ҳамин миқдори ночиз низ қатъ мегардад.

Интиқоли ҳаҷми пурраи барқ тавассути ин хат ба Афғонистон ахири баҳори соли оянда шурӯъ мегардад, аммо дар бораи миқдори ҳаҷм бо такя ба он, ки дар Афғонистон ҳанӯз шабакаҳои дохилӣ барои таъмини аҳолӣ бо барқ омода нестанд, дар вазорати мазкур чизе намегӯянд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи гуфтушуниди қаблан мувофиқашуда миёни энергетикҳои тоҷику афғон, интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ бояд моҳи августи соли равон оғоз мегардид, аммо қисмати хат дар қаламрави Афғонистон дар ин вақт пурра омода набуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, арзиши як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон 3,5 сентро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон арзиши як киловатт нерӯи барқи Ӯзбекистон ба Афғонистон ба 7,5 сент баробар аст.

Масофаи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Тоҷикистон 118 ва дар қаламрави Афғонистон 163 километрро ташкил медиҳад.

Пешбинӣ мегардад, ки мавриди истифода қарор гирифтани хатти мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон ба Афғонистон то 300 мегаватт нерӯи барқи зиёдатиро интиқол диҳад. Ба Афғонистон нерӯи барқи истеҳсоли нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» интиқол дода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», феълан нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои нерӯи барқи худ қимати баланд – ҳудуди 2,5 сент пешниҳод мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши барқ дар Тоҷикистон барои 1 кВт/соат аз 1,8 сент боло нарафтааст. Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки иқтидорҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои содирот истифода хоҳанд шуд ва нерӯи барқ бо қимати аз 3,1 то 3,5 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...