Кумаки ҳукумати ИМА дар барқарор намудани ду бунгоҳи тиббӣ ва як мактаб

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар барқарор намудани ду бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Файзобод ва як мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Тавилдара кӯмак кард Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА Кен Гросс дар маросимҳои ифтитоҳии ду нуқтаи тиббии аз нав барқароршуда дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ширкат варзид. Дар маросимҳо […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар барқарор намудани ду бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Файзобод ва як мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Тавилдара кӯмак кард

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА Кен Гросс дар маросимҳои ифтитоҳии ду нуқтаи тиббии аз нав барқароршуда дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ширкат варзид. Дар маросимҳо инчунин муовини Вазири тандурустӣ Саида Бобоевна Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Караматулло Шарифов, раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз Мирзо Холов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, роҳбари Каунтерпарт Интернейшнл дар Тоҷикистон Мӯъмин Сидикшоев ва раиси ҷамоати маҳаллии Дуоба Низомиддин Шамсов иштирок намуданд. 

Нуқтаи тиббии дар Дуоба ҷойгирбуда дар зарфи ҷанги шаҳрвандӣ осеби зиёд дида буд ва дармонгоҳи тиббии Ҷонварсӯз аз боришот хеле хароб гашта буд.  Дар ҳарду бино аз ҷониби Сафорати ИМА фаршҳои чӯбӣ иваз гардиданд, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуданд ва тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуданд, инчунин системаи таъмини барқ барқарор гардонида шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирӣ 24 ҳазор долларро ташкил дод.

Барои иваз шудани боми ҳарду бино дар лоиҳаи мазкур мақомоти иҷроия ва маҳаллии ноҳияи Файзобод ба маблағи ҳазорҳо доллар саҳм гузоштанд. Иншоотҳои тандурустии таъмиргашта ба 7500 нафар сокинони ин маҳал, ки 95 фоизи сокинони он дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, хизмати тиббӣ фароҳам хоҳад овард. 

Ҳамчунин командири корҳои шаҳрвандӣ майор Арнел Девид ва сардори гуруҳи кумакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ Уэсли Стронг аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нав таъмиршудаи №10 дар ноҳияи Тавилдара иштирок карданд.

Барномаи кӯмакрасонии ёрии гуманитарӣ дар холатҳои фавқулода ва аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа дар департаменти мудофеаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48900 доллар харҷ намуд. Мактаби таъмиршуда ба зиёда аз 120 талаба имкони таҳсилкуниро пешниҳод мекунад ва имкониятҳои донишомӯзии талабагони ин минтақаро пурзӯр мегардонад.

Мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиёни зиёде дид ва аз он вақт таъмир нашуд. Пеш аз ин лоиҳа, кӯдакони маҳаллӣ дар хонаҳо дарс мегирифтанд. Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ вайронаҳоро таъмир намуданд ва кӯдакон имконияти ба мактаб баргаштанро пайдо намуданд. Мактаб аз ҳамин рӯз расмӣ кушода шуд ва муаллимон ва талабагон ба синфҳои худ баргаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.