Оғози кори намоишгоҳ-ярмаркаи маърифатии Тоҷикистону Малайзия

Дар маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи серӯзаи байнулмилалии маърифатии Тоҷикистону Малайзия ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби ҶДММ «Аҳмадсоз» дар ҳамдастӣ ва бо мусоидати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ созмон дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи серӯзаи байнулмилалии маърифатии Тоҷикистону Малайзия ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби ҶДММ «Аҳмадсоз» дар ҳамдастӣ ва бо мусоидати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ созмон дода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори намоишгоҳ 7 муассисаи таълимоти олии Малайзия ва 10 мактаби олии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии иқтисоди ҷумҳурӣ ва ғайра иштирок мекунанд.

Намоишгоҳ-ярмарка то рӯзи 6-уми ноябр идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.