Паёми табрикии сарвари давлат ба муносибати Иди Қурбон

Президенти Тоҷмикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди ҚУрбон табрик таҳният гуфт. Дар паёми табрикотии сарвари давлат аз ҷумсла гуфта мешавад, ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодату ниёиш қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тўли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ,  дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, […]

asia+, asia+


Президенти Тоҷмикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди ҚУрбон табрик таҳният гуфт.

Дар паёми табрикотии сарвари давлат аз ҷумсла гуфта мешавад, ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодату ниёиш қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тўли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ,  дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои иди саид аст.  Иди Қурбон рўзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъоло баён мекунад.

Бешак, дини ислом таблиғгари одамияту инсондўстӣ буда, бояд ғояҳои олии фарҳанги исломӣ барои беҳдошт ва рушди ҷомеа равона карда шавад.

 Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконият ва шароити мусоид муҳайё гардид, ки аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динии худ ба таври васеъ баҳравар шуда, бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳо  маросимҳои диниро озодона анҷом диҳанд.

 Ҳар шахси сарватманде, ки ба шахсони камбизоат кўмаки моддиву молӣ менамояд, пеш аз ҳама ризои Худовандро ба даст меорад ва як зина ба сўи камолоти маънавӣ боло меравад.

 Бинобар ин, дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

 Хусусан аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон  чунин амали неку савоб анҷом мегиранд ва мо бовар дорем, ки ин кўмакҳо ба таври доимӣ расонида мешаванд.

 Бузургони гузаштаи мо фармудаанд: «Агар хоҳӣ, ки номат ҷовидон монад, фарзандро хирадмандиву илму фарҳанг биёмўз!» Бешубҳа, пешрафти ҷомеаи башарӣ, тараққӣ ва шукуфоии халқҳову миллатҳо ба тарбияи солим ва таълими дурусти фарзандон вобастагии зич дорад.

 Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд: милатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дўш гирифта буданд. Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдодон хоҳад шуд.

 Ба ин сабаб дар хусуси тарбияи фарзандон, ба хотири дуруст ба воя расонидани онҳо, дар интихоби роҳи дурусти ҳаёти онҳо саҳлангорӣ намекарданд; то ҳадди имкон ҷидду ҷаҳд мекарданд, то бузургтарин ва олитарин афроде ба ҷомеа тақдим намоянд.

 Ба ин хотир ба ҳамаи онҳое, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавононро ба ўҳда доранд, муроҷиат карда гуфтаниам: шумо, ки мураббиёни имрўзу ниёгони ояндаед, яке аз рисолатҳои муқаддас ва ҳатмии мо тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ, шахсияти хушахлоқу нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҳамқадами замон, омодаи хизмат ба ҷомеа ва миллат мебошад.

 Рукни асосии иди қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрўзҳо беш аз панҷу ним ҳазор нафар ҳамватанони мо ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Ба ҳамаи онҳо омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳояшонро орзу менамоем.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.