Анҷоми корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ

Имрӯз маросими қабули давлатии корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, ки 42 километр масофаро ташкил медиҳад, баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати сохтмони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Сафаров хабар дод, корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ бо воситаҳои бурсии ҳукумати Ҷопон сурат гирифта, рӯзи 25-уми октябри соли равон ба анҷом расид. Арзиши […]

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз маросими қабули давлатии корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, ки 42 километр масофаро ташкил медиҳад, баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати сохтмони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Сафаров хабар дод, корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ бо воситаҳои бурсии ҳукумати Ҷопон сурат гирифта, рӯзи 25-уми октябри соли равон ба анҷом расид. Арзиши умумии лоиҳа 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Мутобиқи санади баимзорасида миёни Вазорати нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон ва паймонокони асосӣ – ширкатҳои ҷопонии «Dai Nipon» ва «Nipo corporation», пас аз анамалисозии лоиҳа муддати як соли мӯҳлати кафолатнок хизматгузории роҳи мошингардро паймокори асосӣ ба ӯҳда мегирад.

Қобили зикр аст, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2009 оғоз гардида, масофаи умумии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ба 82 килметр баробар аст. Ҳаҷми умумии маблағи корҳои таъмиру азнавсозии роҳ 55 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.