Вилояти Волгоград фермерони тоҷикро ба кор даъват мекунад

Мақомоти раҳбарии хоҷагии кишоварзии «Карповский»-и ноҳияи Городишевои вилояти Волгогради Русия бо дархости ба ин хоҷагӣ сафарбар намудани 250 нафар фермерони тоҷик ҷиҳати анҷом додани корҳои бахши кишоварзӣ муроҷиат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, директори хоҷагии мазкур, агрономи хизматнишондодаи Русия Владимир Чунихин зимни мулоқот бо корманди намояндагии […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти раҳбарии хоҷагии кишоварзии «Карповский»-и ноҳияи Городишевои вилояти Волгогради Русия бо дархости ба ин хоҷагӣ сафарбар намудани 250 нафар фермерони тоҷик ҷиҳати анҷом додани корҳои бахши кишоварзӣ муроҷиат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, директори хоҷагии мазкур, агрономи хизматнишондодаи Русия Владимир Чунихин зимни мулоқот бо корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Нусратулло Исматов изҳор кардаст, ки дар ин хоҷагӣ таҷрибаи бойи ҷалби захираҳои корӣ аз Тоҷикистон ҷой дорад.

«Ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ донишҷӯёни вилояти Суғд ҳар тобистон дар ин ҷо кор мекарданд ва аҳолии деҳоти мазкур дар бораи онҳо хотироти нек доранд», – гуфтааст ӯ зимни мулоқот.

Дар мулоқот бобати ба хоҷагии мазкур сафарбар кардани 250 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои кишоварзӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Дархост аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қабул ва интихоби мутахассисон сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.