Боздошти донишҷӯйи ДМТ бо як миқдор маводи мухаддири афюн

Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.Ҷ.-и 23-сола боздошт шуд. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ […]

Наргис Ҳамробоева


Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.Ҷ.-и 23-сола боздошт шуд. «Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ ба миқдори 862 грамм маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.