Сафорати Русия ба ҳукми одилона нисбат ба халабонони ширкати «Ролкан Инвестментс ЛТД» умедвор аст

Дар мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар халабони хориҷӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад, сухани охирини яке аз судшавандаҳо – Алексей Руденко шунида шуд. Ӯ айби худро тибқи моддаҳои пешниҳодшуда эътироф накарда, аз суд эътирофи бегуноҳии худ ва озод карданашро талаб намуд. «Аз ҳафт нафари дар ҷараёни мурофиаи судӣ бозпурсишуда панҷ нафарашон ба манфиати […]

Сайраҳмон Назриев


Дар мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар халабони хориҷӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад, сухани охирини яке аз судшавандаҳо – Алексей Руденко шунида шуд.

Ӯ айби худро тибқи моддаҳои пешниҳодшуда эътироф накарда, аз суд эътирофи бегуноҳии худ ва озод карданашро талаб намуд. «Аз ҳафт нафари дар ҷараёни мурофиаи судӣ бозпурсишуда панҷ нафарашон ба манфиати мо баёнот доданд», – гуфт ӯ.

Мушовир оид ба масоили сиёсии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев, ки дар мурофиаи судӣ ҳузур дошт, изҳор кард, ки халабонони ҳавопаймо мувофиқи супориши мақомоти раҳбарии ширкат амал кардаанд. «Дар амалҳои онҳо мо ҳеҷ чизи ғайриқонуниеро намебинем ва умедворем, ки суд нисбат ба онҳо ҳукми одилона содир хоҳад кард», – гуфт Кабаев.

Адвокат Ғулом Бобоев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон изҳор кард, ки раиси мурофиа – судя Темур Боев аз таҷрибаи ғании кофии фаъолият бархӯрдор аст ва нисбат ба зерҳимоягони ӯ ҳукми одилона содир хоҳад кард.

Пас аз ин суд ба хонаи машваратӣ бадар рафт. Ҷаласаи навбатӣ оид ба ин парванда рӯзи 8-уми ноябр доир мегардад. Дар ин рӯз нисбат ба халабонони хориҷӣ ҳукм содир хоҳад гардид. Ҷараёни мурофиаи судии мазкур таҳти назорати васоити ахбори умум, аз ҷумла ВАО-и Русия қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки 12-уми марти соли равон пас аз анҷоми қарордод дар қаламрави Афғонистон халабонони ду ҳавопаймои Ан-72 – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония бо супориши мақомоти раҳбарии ширкат аз фурудгоҳи Кобул ба самти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвоз мекунанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, «халабонони ҳавопаймоҳо иҷозати убури сарҳади давлатиро надоштанд ва ҳангоме ки ба онҳо барои фуруд омадан ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа посухи рад дода шуд, халабонон бо роҳи фиреб фурудоии маҷбуриро дархост карданд». Дар таърихи 12-уми май Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мутобиқи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестментс ЛТД», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст, рӯзи 12-уми октябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.