Дар мурофиаи судӣ нисбат ба ду нафар халабони хориҷӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад, сухани охирини яке аз судшавандаҳо – Алексей Руденко шунида шуд.
Ӯ айби худро тибқи моддаҳои пешниҳодшуда эътироф накарда, аз суд эътирофи бегуноҳии худ ва озод карданашро талаб намуд. «Аз ҳафт нафари дар ҷараёни мурофиаи судӣ бозпурсишуда панҷ нафарашон ба манфиати мо баёнот доданд», – гуфт ӯ.
Мушовир оид ба масоили сиёсии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев, ки дар мурофиаи судӣ ҳузур дошт, изҳор кард, ки халабонони ҳавопаймо мувофиқи супориши мақомоти раҳбарии ширкат амал кардаанд. «Дар амалҳои онҳо мо ҳеҷ чизи ғайриқонуниеро намебинем ва умедворем, ки суд нисбат ба онҳо ҳукми одилона содир хоҳад кард», – гуфт Кабаев.
Адвокат Ғулом Бобоев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон изҳор кард, ки раиси мурофиа – судя Темур Боев аз таҷрибаи ғании кофии фаъолият бархӯрдор аст ва нисбат ба зерҳимоягони ӯ ҳукми одилона содир хоҳад кард.
Пас аз ин суд ба хонаи машваратӣ бадар рафт. Ҷаласаи навбатӣ оид ба ин парванда рӯзи 8-уми ноябр доир мегардад. Дар ин рӯз нисбат ба халабонони хориҷӣ ҳукм содир хоҳад гардид. Ҷараёни мурофиаи судии мазкур таҳти назорати васоити ахбори умум, аз ҷумла ВАО-и Русия қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки 12-уми марти соли равон пас аз анҷоми қарордод дар қаламрави Афғонистон халабонони ду ҳавопаймои Ан-72 – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония бо супориши мақомоти раҳбарии ширкат аз фурудгоҳи Кобул ба самти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвоз мекунанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, «халабонони ҳавопаймоҳо иҷозати убури сарҳади давлатиро надоштанд ва ҳангоме ки ба онҳо барои фуруд омадан ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа посухи рад дода шуд, халабонон бо роҳи фиреб фурудоии маҷбуриро дархост карданд». Дар таърихи 12-уми май Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мутобиқи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестментс ЛТД», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст, рӯзи 12-уми октябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид.


