Вилояти Волгоград фермерони тоҷикро ба кор даъват мекунад

Date:


Мақомоти раҳбарии хоҷагии кишоварзии «Карповский»-и ноҳияи Городишевои вилояти Волгогради Русия бо дархости ба ин хоҷагӣ сафарбар намудани 250 нафар фермерони тоҷик ҷиҳати анҷом додани корҳои бахши кишоварзӣ муроҷиат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, директори хоҷагии мазкур, агрономи хизматнишондодаи Русия Владимир Чунихин зимни мулоқот бо корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Нусратулло Исматов изҳор кардаст, ки дар ин хоҷагӣ таҷрибаи бойи ҷалби захираҳои корӣ аз Тоҷикистон ҷой дорад.

«Ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ донишҷӯёни вилояти Суғд ҳар тобистон дар ин ҷо кор мекарданд ва аҳолии деҳоти мазкур дар бораи онҳо хотироти нек доранд», – гуфтааст ӯ зимни мулоқот.

Дар мулоқот бобати ба хоҷагии мазкур сафарбар кардани 250 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои кишоварзӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Дархост аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қабул ва интихоби мутахассисон сурат мегирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...