Дарёфти ҷасади ду нафар аз зери тарма

Date:


Наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафар шаҳрвандонро, ки рӯзи 5-уми ноябр дар ағбаи Оббурдони вилояти Суғд зери тарма монда, ба ҳалокат расида буданд, дарёфт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Орифҷон Нозимов хабар дод, корҳои ҷустуҷӯйӣ рӯзи 7-уми ноябр ба анҷом расида, ҷасади ду нафар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – Исмоил Назиров 48-сола ва Мирзошариф Давлатови 46-сола ба хешовандонашон супурда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ огоҳ месозад, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар имкони фаромадани тарма ва ярч вуҷуд дошта, ҳаракати нақлиёт дар ағбаҳо манъ карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...