Президент пешниҳоди ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои соҳибкорони ҷудогонаро дастгирӣ кард

Таҳти раёсати cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи 8-уми Шўрои назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  баргузор гардид, ки дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ииитилоъ доданд, дар ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи 8-уми Шўрои назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  баргузор гардид, ки дар он аъзои шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ииитилоъ доданд, дар ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ  рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои 6-ум ва 7-уми шўро, масоили вобаста ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ», тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ ва масъалаи ба низом даровардану кам кардани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ шуд.

 Пас аз гузориши Котиби масъули Шўрои назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов доир ба иҷрои қарорҳои қаблии шўро Эмомалӣ Раҳмон  таъкид дошт, ки иҷрои пурра ва самарабахши санадҳои қабулшуда таъмин карда шавад.

Дар муҳокима ва баррасии масоили мазкур Муовини роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Никола Гюгас, Роҳбари Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши,  Роҳбари ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, Раиси Фонди ҷамъиятии Интернет Рустам Қосимов, Роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагон Некрўй Забиров, Директори кулли ҶСШК Помир-Энерҷӣ Далер Ҷумъаев, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ибодулло Неъматов, Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер ва Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаою Жао иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро доир ба зарурати кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳо дар маҷмўъ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ низ вуҷуд дошта бошад, аз ҷумла аз ҷониби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон.

Пешниҳодҳои дигар доир ба озод намудани воридоти тухмиҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, ваксина ва доруҳои байторӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба миён гузошта шуд. Ин масъаларо Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дастур дод, ки он дар муддати кўтоҳ омўхта ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда шавад.

Пешниҳодҳои зиёди дигар низ ба миён гузошта шуд, ки дар маҷмўъ ба беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қабули қонунҳои нав ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ нигаронда шудаанд.

Сарвари давлат зимни суханронии ҷамъбастии худ ҳамаи таклифу пешниҳодот ва эродҳои садододаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои табиқи амалии андешаҳои судбахш ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ» бо назардошти талаботи замони муосир таҳия карда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2012 ба Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ пешниҳод гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.