Дарёфти ҷасади ду нафар аз зери тарма

Наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафар шаҳрвандонро, ки рӯзи 5-уми ноябр дар ағбаи Оббурдони вилояти Суғд зери тарма монда, ба ҳалокат расида буданд, дарёфт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Орифҷон Нозимов хабар дод, корҳои ҷустуҷӯйӣ рӯзи 7-уми ноябр ба анҷом расида, ҷасади ду нафар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ […]

Наргис Ҳамробоева


Наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафар шаҳрвандонро, ки рӯзи 5-уми ноябр дар ағбаи Оббурдони вилояти Суғд зери тарма монда, ба ҳалокат расида буданд, дарёфт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Орифҷон Нозимов хабар дод, корҳои ҷустуҷӯйӣ рӯзи 7-уми ноябр ба анҷом расида, ҷасади ду нафар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – Исмоил Назиров 48-сола ва Мирзошариф Давлатови 46-сола ба хешовандонашон супурда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ огоҳ месозад, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар имкони фаромадани тарма ва ярч вуҷуд дошта, ҳаракати нақлиёт дар ағбаҳо манъ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.