ВКХ Русия: Ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа басо сангин аст

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия перомуни ҳукми содиршуда нисбат ба шаҳрванди Русия В. Садовничий шарҳу тафсир интишор гардид. «Ҳукми содиршудаи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаҳрванди Русия В.В. Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.С. Руденкоро, ки мутобиқи қарордод бо фирмаи амрикоии «Суприм Фуд» дар ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан» ба кашонидани борҳои ғайринизомӣ барои нерӯҳои эътилоф […]

ASIA-Plus


Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия перомуни ҳукми содиршуда нисбат ба шаҳрванди Русия В. Садовничий шарҳу тафсир интишор гардид.

«Ҳукми содиршудаи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаҳрванди Русия В.В. Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.С. Руденкоро, ки мутобиқи қарордод бо фирмаи амрикоии «Суприм Фуд» дар ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан» ба кашонидани борҳои ғайринизомӣ барои нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон машғули кор буданд, басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ мешуморем», – гуфта мешавад дар шарҳ.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби айбдоркунанда ҳеҷ як далели мӯътамади исботи айби онҳоро пешниҳод карда натавониста, хулосаи айбнома моҳиятан ба тахмину фарзияҳо асос ёфтааст.

«Тоҷикистон ошкоро меъёрҳои байнулмилалиро риоя накарда, ҳамчунин маълум нест, ки нисбат ба ҳавопаймоҳои боздоштшуда чӣ гуна амалеро пеш мегирад», – омадааст дар шарҳ.

Дар шарҳ ҳамчунин гуфта мешавад, чунин тасмим ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шариконаи стратегии ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад. «Ҳукумати Русия расонидани кумаки зарурӣ ба ҳамватанонро идома медиҳад», – зикр мегардад дар анҷом.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.