Истеҳсоли зарфҳои шишагӣ аз маҳсулоти дуюмдараҷа дар Суғд

Дар яке аз корхонаҳои шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта ифтитоҳ гардида буд, истеҳсоли зарҳои шишагӣ шурӯъ мешавад. Корхонаи мазкур бо маблағгузории хусусӣ сохта шуда, корхонаи дуюми истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ва истеҳсолкунандаи аввалини зарфҳои шишагӣ бо истифода аз маҳсулоти дуюмдараҷа дар кишвар мешавад. Тавре ба ОИ […]

Бахтиёр Валиев


Дар яке аз корхонаҳои шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта ифтитоҳ гардида буд, истеҳсоли зарҳои шишагӣ шурӯъ мешавад.

Корхонаи мазкур бо маблағгузории хусусӣ сохта шуда, корхонаи дуюми истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ва истеҳсолкунандаи аввалини зарфҳои шишагӣ бо истифода аз маҳсулоти дуюмдараҷа дар кишвар мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти раҳбарии корхона хабар доданд, айни замон хатти истеҳсоли насб гардида, рӯзҳои наздик қолабҳои нав оварда мешаванд. Дар корхона истеҳсоли шишаҳои як ва дулитра ба роҳ монда мешавад. Ба сифати ашёи хом аз аҳолӣ зарфҳои шишагии шикставу коношоям харида мешавад. Айни замон дар корхона шишаи варақагӣ истеҳсол мегардад. Дар корхона 170 нафар машғули кор буда, музди меҳнат то 1200 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум, дар шаҳр 18 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2198 нафар машғули кор мебошанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои шаҳр дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 296 млн. 725 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 85 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давра 140%-ро ташкил дод. Музди меҳнати миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум ба 1000 сомонӣ баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.