Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо сафири Чин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Фан Сянжун мулоқот кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи барқарорсозии сулҳу суботро дар Афғонистон: Конфронси Истанбул (2 ноябри соли 2011) ва ҳуҷҷати хотимавии он, баргузории Конфронси Бонн (5 декабри соли 2011) баррасӣ […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Фан Сянжун мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи барқарорсозии сулҳу суботро дар Афғонистон: Конфронси Истанбул (2 ноябри соли 2011) ва ҳуҷҷати хотимавии он, баргузории Конфронси Бонн (5 декабри соли 2011) баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳуҷҷати хотимавии Конфронси Истанбулро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳар пешниҳоде, ки манфиатҳои Афғонистонро дар бар мегирад, қобили дастгирӣ мешуморад.

Зимнан зир гардид, ки ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии амалиётҳои мушаххаси барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро муҳокима карданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.