Мусодираи беш аз 9 кило маводи мухаддир дар пойтахт

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири навъи канабис мусодира карда шуд. Тавре ба ОИ и»Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир , кормандони милиса шҳрванд Т.М.-и 37-соларо боздошт кардаанд. «Зимни кофтукови манзили зисти […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири навъи канабис мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ и»Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир , кормандони милиса шҳрванд Т.М.-и 37-соларо боздошт кардаанд.

«Зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда, аз он 9 килову 150 грамм маводи мухаддири гурӯҳи канабис дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.