Мусодираи беш аз 9 кило маводи мухаддир дар пойтахт

Date:


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири навъи канабис мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ и»Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир , кормандони милиса шҳрванд Т.М.-и 37-соларо боздошт кардаанд.

«Зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда, аз он 9 килову 150 грамм маводи мухаддири гурӯҳи канабис дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...