ҲНИТ посухи Русияро оид ба парвандаи халабонҳо номутаносиб арзёбӣ кард

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ вазъи ба вуҷудомада дар равобити ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ- Тоҷикистон ва Русия, инчунин душворихои пешомада дар ҳаёти муҳочирини кории тоҷик дар Русияро баррасӣ намуда, ҳолати пешомадаро носолим, ғайритабиӣ ва мухолиф ба манофеъи ду миллат меҳисобад. Тавре дар Баёнияи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта мешавад, сиёсӣ […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ вазъи ба вуҷудомада дар равобити ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ- Тоҷикистон ва Русия, инчунин душворихои пешомада дар ҳаёти муҳочирини кории тоҷик дар Русияро баррасӣ намуда, ҳолати пешомадаро носолим, ғайритабиӣ ва мухолиф ба манофеъи ду миллат меҳисобад.

Тавре дар Баёнияи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта мешавад, сиёсӣ ва печида гардонидани қазияи ду халабон, ки ахиран аз тарафи мақомоти судии Тоҷикистон барои қонуншиканӣ маҳкум гаштанд, баёнгари он аст, ки механизмҳои ҳалли дидгоҳҳо ва ихтилофи назарҳо дар муносибатҳои ду кишвар заъиф гаштаанд ва зарурат ба таҳкиму устувор гардонидани онҳост.

«Бо назардошти он, ки ҳануз имкони баррасии қазияи халабонҳо дар сатҳҳои болоии мақомоти судии Тоҷикистон вуҷуд дорад ва масъала зери назорати шахсии Президенти Тоҷикистон қарор гирифтааст, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки он дар чорчуби қонунгузории кишвар ва рӯҳияи ҳусни тафоҳум ҳалли одилонаи худро хоҳад ёфт», – омадааст дар баёния.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз тарафи дигар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ нигаронии худро аз боздошт ва эҳтимоли ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия баён намуда, рабт додани ин ду қазияро як амали номутаносиб меҳисобад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҷбур ба ҳиҷрат гаштаанд ва маҳз дар кишвари ба мо дӯст-Русия барои худ ва миллионҳо шаҳрвандони дигари ватанамон сарчашмаи даромад пайдо намудаанд. Онҳо на танҳо дар босуботии кишвари худ, балки дар ободонии кишвари муқим ҳам нақши сазоворе доранд. Ин мардуми бе ин ҳам азияткашида ва дур аз сиёсат, ки ҷуз меҳнати пурмашаққати хеш ва дурӣ аз ватану наздикон чизи дигареро намедонанд,  набояд қурбонии суйитафоҳумҳо ва  ҳисоббаробаркунии баъзе мақомот ва масъулини ду кишвар гарданд.

«Ҷои таассуф аст, ки вазъи ба амаломада мавриди суйистифодаи баъзе доираҳои сиёсии фурсатталаб ва миллатгароёни ифротӣ қарор гирифта,  рӯҳияи ҳамдигарбадбиниро қавитар мегардонад», – зикр мегардад дар баёния.

Ҳамзамон, Шӯрои сиёсии ҲНИТ амалкарди мақомоти расмии Тоҷикистонро дар баробари ҳимояти манфиат ва ҳуқуки ҳамватанон дар хориҷ нокофӣ дониста,  беамалӣ ва бетафовутии қисме аз  мақомотро даст кашидан аз анҷоми ваколатҳо ва масъулиятҳои бевоситаи онҳо медонад. Идома ёфтан ва васеъ гаштани ин раванди носолим, на танҳо ба муносибатҳои таърихан  дустонаи ду кишвар, балки ба ҳаёти миллионҳо ҳамватанони мо дар дохил ва хориҷ таъсири манфӣ расонида, ниҳоятан ба бадшавии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар оварда мерасонад.

Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари ба мо дӯст – Русия аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирини точик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст кашида, дар баробари он пешниҳод менамояд:

1- Масъалаи муҳоҷирони тоҷик дар наздиктарин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гарда два ҳайате аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси Миллӣ, намояндагони дигар мақомоти марбутаи ҳокимияти иҷроия барои вохурӣ бо ҳамкорони русиягии худ ва ҳалли масъала Русия фиристода шаванд.

2- Ҳайати ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои дидору вохуриҳо бо муҳоҷирони тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла палатаи иҷтимоии ин кишвар равона шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.