Намоишгоҳи Ҳафтаи байналхалқии таҳсил-2011-и сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Имрӯз сафорати ИМА бо намоишгоҳи таҳсилотӣ Ҳафтаи байналхалқии таҳсил 2011-ро дар Тоҷикистон оғоз менамояд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, Ташкилотҳои гуногуни таҳсилӣ, аз ҷумла Шӯроҳои амрикоӣ (ACCELS), Таҳсил ИМА (Education USA), Шӯрои Байналмиллалии Таҳқиқот ва Табодул (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бохтар, барномаи Иттиҳоди Аврупо Tempus, созмони олмонии DAAD, Донишгоҳи […]

ASIA-Plus


Имрӯз сафорати ИМА бо намоишгоҳи таҳсилотӣ Ҳафтаи байналхалқии таҳсил 2011-ро дар Тоҷикистон оғоз менамояд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, Ташкилотҳои гуногуни таҳсилӣ, аз ҷумла Шӯроҳои амрикоӣ (ACCELS), Таҳсил ИМА (Education USA), Шӯрои Байналмиллалии Таҳқиқот ва Табодул (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бохтар, барномаи Иттиҳоди Аврупо Tempus, созмони олмонии DAAD, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Барномаи инсоншиносии Оғохон (AKHP), гӯшаҳои Амрико ва Мултикид дар ин маросим иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ин ташкилотҳо оид ба барномаҳои таҳсилии худ маълумот медиҳанд, варақаҳои иттилоотиро пахш мекунанд ва ҳозири ҷавоб ба саволҳо мешаванд. Намоишгоҳи таҳсилотӣ ин як имконияти ҳаяҷоновар барои пайдо кардани маълумот оид ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида, барномаҳои мубодила ва дигар имкониятҳои таҳсили байналхалқӣ мебошад.

 Мавриди зикр аст, ки дар Ҳафтаи байналхалқии таҳсил 2011 манфиатҳои таҳсили байналмиллалӣ ва барномаҳои мубодила ҷашн гирифта мешавад. Таҳсил ва мубодилаи таҳсилӣ барои рушди ҳамдигарфаҳмии дутарафа ва сармоягузорӣ ба равобити ояндаи байни мардуми Амрико ва ҷаҳон хеле муҳим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.