Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз 14 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро, ҳамчунин аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои хабарии Русия зимни пахши мавод дар бораи зиндонӣ шудани ду халабони ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Тоҷикистон иттилои нодуруст дода, бо ин роҳ заминаи эҷоди фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба вуҷуд овардаанд.
«Баррасии парвандаи мазкур бо риояи тамоми меъёрҳои мурофиавӣ тавассути қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он анҷом шудааст», – гуфтааст ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагон супориш додааст, ки бо ҳадафи баррасии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Русия аз ҳисоби вакилони ин мақоми олии қонунгузор як ҳайати кори вижа таъсис дода шуда, ин ҳайат рӯзҳои наздик ба минтақаҳои кишвари Русия сафарбар ва бо вазъияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид доштааст, ки масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳори андешаи худ дар ин замина кишвари Русияро бори дигар шарики асосӣ ва стратегии кишвари мо унвон карда, ба ҳалли мусолиматомези ин қазия таъкид кард.
Зикр гардид, ки дар ин росто, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози умедворӣ менамояд, ки ин масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал шуда, ҳамаи нофаҳмиҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.


