Гурӯҳҳои вакилони парлумон ба Русия сафарбар мешаванд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз 14 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро, ҳамчунин аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои […]

ASIA-Plus


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз 14 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи Шӯро, ҳамчунин аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки мутаассифона, ҳафтаи охир расонаҳои хабарии Русия зимни пахши мавод дар бораи зиндонӣ шудани ду халабони ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Тоҷикистон иттилои нодуруст дода, бо ин роҳ заминаи эҷоди фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро ба вуҷуд овардаанд.

«Баррасии парвандаи мазкур бо риояи тамоми меъёрҳои мурофиавӣ тавассути қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он анҷом шудааст», – гуфтааст ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагон супориш додааст, ки бо ҳадафи баррасии вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Русия аз ҳисоби вакилони ин мақоми олии қонунгузор як ҳайати кори вижа таъсис дода шуда, ин ҳайат рӯзҳои наздик ба минтақаҳои кишвари Русия сафарбар ва бо вазъияти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик аз наздик ошно шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид доштааст, ки масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳори андешаи худ дар ин замина кишвари Русияро бори дигар шарики асосӣ ва стратегии кишвари мо унвон карда, ба ҳалли мусолиматомези ин қазия таъкид кард.

Зикр гардид, ки дар ин росто, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози умедворӣ менамояд, ки ин масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал шуда, ҳамаи нофаҳмиҳо аз миён бардошта хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.