Кабирӣ: Тоҷикистон бо Русия сар ба сар шуда наметавонад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Русия давлате нест, ки Тоҷикистон бо он сар ба сар шуда тавонад. «Имрӯз аз лиҳози бисёр андешаҳо элитаи сиёсии тоҷик имкон надорад, ки муқобили Русия ё баъзе аз ҳамсояҳои мо, ки муносиботамон сард аст, ягон чораи муқобилу муносиб андешад. То чӣ андозае мо аз худ […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Русия давлате нест, ки Тоҷикистон бо он сар ба сар шуда тавонад.

«Имрӯз аз лиҳози бисёр андешаҳо элитаи сиёсии тоҷик имкон надорад, ки муқобили Русия ё баъзе аз ҳамсояҳои мо, ки муносиботамон сард аст, ягон чораи муқобилу муносиб андешад. То чӣ андозае мо аз худ сиёсатмадорони мустақили давлати соҳибистиқлол насозем ҳам, кишварҳое, ки замоне барои сари қудрат омадан мусоидат намуда буданд, бо як ибораи гуфтаашон метавонанд ҳамаи он амалҳои дар муддати 10-15 сол анҷомдодаи моро барбод диҳанд. Яъне ин маънои онро дорад, ки ба ҳукуматдорони мо хотирнишон сохтани кӣ онҳоро ба сари давлат оварданашон кофӣ аст», – изҳор дошт Кабирӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи зиндонӣ шудани халабони рус ва ба сардӣ гароидани муносиботи Тоҷикистону Русия.

Ба ақидаи ӯ, айни замон мебояд танҳо бобати ба сатҳи пешина баргардонидани ин муносибот андешаронӣ намуд.

«Нахуст мебояд ҷараёни истирдоди муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро боздошт кард, – мӯътақид аст Кабирӣ. – Рӯзҳои наздик ҷиҳати ҳалли ин масъала гурӯҳҳои кории парлумонӣ таъсис дода шуда, ба Маскав сафарбар мегарданд. Ин ҷо гап сари он меравад, ки истирдоди минбаъдаи муҳоҷирони мо метавонад ба бад шудани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар боис гардад».

Ӯ мегӯяд, ба тақдири минбаъдаи халабони рус он қадр ҳам набояд нигарон буд, зеро пушти он Русияи бузург ва дастгоҳи пуриқтидори иттилоотӣ қарор дорад. «Дар бораи дастгирии муҳоҷирони кории мо бошад, ба ҷуз шахсони алоҳида, дигар то ҳанӯз касе садо баланд накардааст», – иброз дошт номбурда.

М. Кабирӣ мутмаин аст, ки ҳукми зинаҳои болоии додгоҳӣ нисбатан сабуктар хоҳад буд. «Президенти ҷумҳурӣ аллакай изҳор кард, ки ин масъаларо таҳти назорати шахсии худ мегирад, яъне акнун ин масъала аз доираи ҳуқуқӣ ба сатҳи сиёсӣ интиқол дода шуд», – гуфт раиси ҲНИТ.

Ба андешаи Кабирӣ, агар зинаҳои болоии додгоҳии Тоҷикистон як ҳукми нисбатан сабуктареро содир кунанд, «имиҷи онҳо ҳеҷ осебе нахоҳад дид, зеро он бе ин ҳам он дар сатҳи баланд нест». «Низоми додгоҳии мо бо ғӯтавар будан ба фасод, содир намудани ҳукмҳои дорои ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ маъруф аст. Танҳо як хатогӣ дар фаъолияти онҳо зиёд мешаваду дигар чизе не ва ман мӯътақидам, ки ба ҳар гунае ин мушкилот ҳал хоҳад шуд», – изҳор дошт вай.

«Ҳукми содиршудаи додгоҳи моро Русия басо сангин унвон кард. Аммо барои воқеъияти Тоҷикистон содир шудани чунин ҳукмҳо як чизи «муқаррарӣ» шудааст. Мутаассифона, низоми додгоҳии мо ахиран басо ҳукмҳои вазнину сангин содир мекунад. Дар ҳайрат афтодам, вақте ҳафтаи гузашта пирамарди 80-сола (падари Алӣ Бедакӣ –

идораи сомона

) танҳо барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодани ҷойи будубоши писараш ба мӯҳлати 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳама низоми қонунгузории қобили қабул ба шаҳрванд ҳуқуқу имкон медиҳад, ки муқобили худ ё пайвандону хешовандони наздик баёнот надиҳад», – афзуд М. Кабирӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.