Исломобод: Дидори сафири Тоҷикистон дар Покистон бо сафири Чехия

Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Исломобод Мирослав Кренек доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафир З. Зубайдов оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамкориҳои ду кишвар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Исломобод Мирослав Кренек доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафир З. Зубайдов оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар аксарияти соҳаҳо инкишоф меёбанд. Тибқи гуфтаҳои дипломати тоҷик, гардиши мол дар байни ду кишвар ва ташкили корхонаҳои муштарак торафт афзоиш меёбанд.

Дар навбати худ, Сафири Чехия М. Кренек изҳор дошт, ки масъалаи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Чехия низ мавқеи муҳим дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло низомиёни Чехия дар Афғонистон ҳузур доранд ва асосан ба омӯзондани афсарону сарбозони он кишвар машғуланд. Ба қавли дипломати чех, муносибатҳои Чехия бо Покистон низ хуб аст.

Сафири тоҷик ҳалли қазияи Афғонистон ва нақши Покистонро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуда, инчунин кӯмаку мусоидати тамоми кишварҳои дахлдорро дар барқарорсозии сулҳу субот дар он ҷо таъкид сохт.

Дар хотимаи сӯҳбат ҷонибҳо ба идомаи иртибот ва музокирот оид ба масъалаҳои муҳими минтақа омодагии худро изҳор доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.