Рӯзи ёдбуди кишварҳои узви Шоҳигарии Британия дар боғи Ғалаба

Чанде қабл сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе рӯзи ёдбудро, ки ҳамасола дар кишварҳои узви Шоҳигарии Британия ҷашн гирифта мешавад, дар боғи Ғалаба доир намуд. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе хабар доданд, сафири Британияи Кабир ҷаноби Тревор Мур ва  намояндаи  расмии сафоратхонаи Канада дар Остона, бо иштироки шаҳрвандони кишварҳои узви Шоҳигарии Британия […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе рӯзи ёдбудро, ки ҳамасола дар кишварҳои узви Шоҳигарии Британия ҷашн гирифта мешавад, дар боғи Ғалаба доир намуд.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе хабар доданд, сафири Британияи Кабир ҷаноби Тревор Мур ва  намояндаи  расмии сафоратхонаи Канада дар Остона, бо иштироки шаҳрвандони кишварҳои узви Шоҳигарии Британия ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷашни рӯзи ёдбуд иштирок намуданд. Намояндаи вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атташеи ҳарбии сафорати Ҳиндустон низ дар ин чамъомад иштирок намуданд. Маросими мазкур аз ҷониби падари рӯҳони Себастян, коҳини калисои романӣ-католикӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи шӯрои ветеранхои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  иштирок дар ин чамъомад, ки дар он шаҳидони ҷангҳо ва нафароне, ки барои сулху суббот ҷони худро нисор карданд, ёдоварӣ шудаанд, изхори миннатдорӣ намуда, қайд кард ки ин маросим маротибаи аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳар сол кишварҳои узви Шоҳигарии Британия дар якҷоягӣ бо легиони  Шоҳигарии Британия  барои гузаронидани маъракаи «Poppy Appeal» («Даъвати гули Лола» – гули Лола рамзи ёдоварии нафароне мебошад, ки дар ҷангҳо нобуд шуданд) кӯмак менамояд. Ин маърака 3 ҳафта пеш аз рӯзи ёдбуд оғоз мегардад. Нишонаи гули Лоларо бо ранги сурх дар давоми 3 ҳафтаи пеш аз 11 ноябр ва баъди санаи мазкур ҳар як шахсе дар сари  синаи хеш меовезад.

Маъракаи рӯзи  ёдбуд аз ҷониби легиони Шоҳигарии Британияи, ки ассотсиатсияи  собиқ хизматчиёни ҳарбиии Британия мебошад, гузаронида мешавад. Ҳар сол хоҳишмандон дар ин маърака дар Сафорати Британияи Кабир дар ш. Душанбе аз охири моҳи октябр то нимаи моҳи ноябр  иштирок карда метавонанд. Нишонаҳои гули Лола бо ранги сурх барои иштирокчиён дар рӯзи ёдбуд низ дастрас буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.