Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» дар Хуҷанд

Дар  Хуҷанд Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» баргузор мегардад. Аз  25 то 27 ноябри соли 2011 «Маркази манбаи фарҳанг ва ҳунар»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилояти Суғд Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак»-ро баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории фестивали телевизионӣ […]

ASIA-Plus


Дар  Хуҷанд Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» баргузор мегардад.

Аз  25 то 27 ноябри соли 2011 «Маркази манбаи фарҳанг ва ҳунар»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилояти Суғд Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак»-ро баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории фестивали телевизионӣ тавсеаи лаёқати эҷодии кӯдакону наврасон аз манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии эҷоди онҳо дар арасаи байналмилалӣ мебошад. 

Дар даври аввали интихобӣ беш аз 200 нафар кӯдакони боистеъдоди аз 7-сола то 16-солаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок карданд. Баъди даври дуюми интихобӣ, ки дар вилояти Суғд доир шуд, 30 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ муайян гардиданд. Онҳо дар консерти ҷашнии фестивал 18 баромад пешниҳод мекунанд.

Дар фестивал беш аз 70 нафар кӯдакони боистеъдод аз Ӯзбекистону, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.   

Маълумот: Фестивали байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» аз соли 2007 ин ҷониб бо дастгирии молиявии Институти  «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.