Хатсайри махсуси Рустами Эмомалӣ барои футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Ӯзбекистон озими шаҳри Тошканд мегардад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», сарпарасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои даста хатсайри махсуси ҳавоӣ ташкил кардааст. Мутобиқи маълумот, ба шаҳри Тошканд 23 нафар футболбозон […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Ӯзбекистон озими шаҳри Тошканд мегардад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», сарпарасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои даста хатсайри махсуси ҳавоӣ ташкил кардааст.

Мутобиқи маълумот, ба шаҳри Тошканд 23 нафар футболбозон раҳсипор мегарданд, ки инҳоянд:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Шинник», Ярославл), Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Аҳтам Назаров («Энергетик»),

Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама– «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Энергетик»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов (ССКА «Помир»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Истиқлол»).

Бозии дастаҳои мунтахаби Узбакистону Тоҷикистон пагоҳ, 15-уми ноябр, соати 18-и вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд оғоз меёбад ва дастаи Тоҷикистон дарҳол пас аз вохӯрӣ ба ватан бармегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқоти давраи интихобӣ дар гурӯҳи «С»-и қораи Осиё дастаҳои футболи Ҷопон ва Ӯзбекистон аллакай дорои 10-имтиёзӣ гардида, пеш аз мӯҳлат ба даври 4-ум роҳ ёфтанд. Футболбозони тоҷик дар ҳамаи вохӯриҳо – аз Ҷопон бо ҳисобҳои 0 бар 8 ва 0 бар 4, аз Корея 0 бар 1 ва Ӯзбекистон 0 бар 1 ба шикаст дучор шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.