Ирсоли парвандаи халабонон барои бознигарӣ

Date:


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба халабонони хавопаймоҳои ширкати «Rolkan Investments Ltd» – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳукми 8,5 соли зиндон содир намуда буд, парвандаи мазкурро имрӯз ҷиҳати бознигарӣ ба зинаи болоӣ – Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард.

Чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳукм эътироз оварда, онро басо сангин унвон кард ва изҳор дошта буд, ки он ба манфиатҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон, ки маҳкумшудагон шаҳрвандони ин давлатҳоянд, ҷавобгӯ нест.

«Мӯҳлати эълони натиҷаҳои бознигарии парванда ҳанӯз маълум нест», – гуфт як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...