Муассисаҳои тиббии Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин мегарданд

Date:


Рӯзҳои наздик як қатор шӯъбаҳои наҷот ва мадҳушкунии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин карда мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло дар вилояти Суғд 26 шӯъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ фаъолият доранд, ки дар он 148 нафар духтурон кор мекунанд. Дар шӯъбаҳои номбурда айни замон 82 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ мавриди истифода қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2011 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои харидорӣ намудани таҷҳизотҳои муосир 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба маблағи 27 000 сомонӣ як адад гастро-фиброскоп, бронхофиброскоп, колоноскоп, микроскопи отолорингологӣ ва як адад обкаши барқии ҷарроҳӣ харидорӣ карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар муассисаҳои тиббии  шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Хуҷанд, ҷамъ ба маблағи наздик ним миллион сомонӣ таҷҳизоти нави тиббӣ харидорӣ гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...