Мақомоти додситонӣ озодии халабононро дархост кард

Date:


Дар ҷараёни баррасии парвандаи халабонон – шаҳрвандони Русия Владимир Садовничий ва Эстония Алексей Руденко аз ҷониби Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон намояндаи мақомоти додситонии вилоят барои халабонон ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати  2 солу 6 моҳу 14 рӯзро дархост кард. Ва бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, аз толори додгоҳ озод кардани онҳоро дархост намуд.

Айни замон Ҳайати мушовраи додгоҳи вилояти Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ба утоқи машварат хориҷ шуд. Қарор дар нимаи дуюми рӯз эълон хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...