Озодии халабонони русу эстон аз толори додгоҳ

Бо қарори Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи вилояти Хатлон халабонони русу эстон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ҳар кадоме аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буданд, аз толори додгоҳ озод карда шуданд. Пас аз бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ гардидани парванда, додгоҳи вилояти Хатлон мӯҳлати ҷазои ду […]


Бо қарори Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи вилояти Хатлон халабонони русу эстон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ки ҳар кадоме аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буданд, аз толори додгоҳ озод карда шуданд.

Пас аз бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ гардидани парванда, додгоҳи вилояти Хатлон мӯҳлати ҷазои ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Rolkan Investments Ltd»-ро то ба 2 солу 6 моҳу 10 рӯз кам карда, бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд. Мутобиқи қарори додгоҳ, ба онҳо машғул шудан ба идораи ҳавопаймоҳо ба муддати чаҳор сол манъ карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.