Вазорати кишоварзӣ: Чаро Росселхознадзор то имрӯз хомӯш буд?

Муроҷиати расмии Росселхознадзор (мақомоти нозироти маҳсулоти кишоварзи Русия) дар бораи ба талаботи фитосанитарии Русия мутобиқат кардани маҳсулоти кишоварзии воридотӣ аз Тоҷикистон ба Русия, ки таҳти назорати карантинӣ қарор дорад, ба Хадамоти давлатии нозироти фитосанитарӣ ва карантини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ворид нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти мазкур Ворис Мадаминов хабар дод. Мадаминов […]

Пайрав Чоршанбиев


Муроҷиати расмии Росселхознадзор (мақомоти нозироти маҳсулоти кишоварзи Русия) дар бораи ба талаботи фитосанитарии Русия мутобиқат кардани маҳсулоти кишоварзии воридотӣ аз Тоҷикистон ба Русия, ки таҳти назорати карантинӣ қарор дорад, ба Хадамоти давлатии нозироти фитосанитарӣ ва карантини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ворид нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти мазкур Ворис Мадаминов хабар дод.

Мадаминов мегӯяд, Русия маҳсулоти кшоварзии Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ мушкилот қабул мекард ва то имрӯз дар бораи риоя накардани талаботи меъёрҳои фитосанитарӣ чизе гуфта нашуда буд.

«Агар чунин ҳолатҳо ҷой дошта буданд, пас чаро моро саривақт аз он огоҳ насохтанд. Чаро танҳо имрӯз дар ин бора сарусадоҳо баланд шуданд», – гуфт ӯ.

Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, маҳсулотеро, ки ба талаботи фитосанитарии ин кишвар ҷавобгӯ нест, Русия метавонист баргардонад ё нобуд созад. «Масалан, ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон як миқдор тухми пунбадона ворид гардид, ки дар он навъҳои таҳти карантин қарордошта мавҷуд буд. Мо ин маҳсулотро нобуд кардем. Хадамоти дахлдори Руия низ ба чунин амал ҳуқуқ дорад», – изҳор кард Мадаминов.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти ВАО-и Русия, Росселхознадзор аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки мутобиқати маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ба Русия ба талаботи меъёрҳои фитосанитарии Русияро таъмин созад. «Дар сурати акс, Маскав метавонад воридоти тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистонро муваққатан маҳдуд созад», – гуфта мешавад дар иттилои РИА «Новости» бо такя ба Росселхознадзор.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.